ABNA24:Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, Арабистони саудӣ протоколҳои беҳдоштии мавриди ниёзро барои муқобила бо шуйюи вируси корона дар мавсими ҳаҷи имсол эълом кард.
Бино бар ин муқаррарот, ки рӯзи душанбе хабаргузории давлатии Арабистон онро эълом кард, таҷаммӯҳо ва гирдиҳамоиҳои зоирон низ мамнуъ хоҳад буд.
Ламс кардани Каъба низ мамнуъ аст ва афрод бояд фосилаи яку ним метриро ҳангоми хондани намоз ва тавофи Каъба риоят кунанд.
Ҳамчунин Арабистон истифода аз ниқоби тиббиро барои зоирон ва баргузоркунандагони маросим иҷборӣ кардааст.
342/